Саводнокии молиявӣ (англ. Financial literacy) - маҷмӯи огоҳӣ, дониш, малака, муносибат ва рафтори марбут ба молия ва зарурӣ барои қабули қарорҳои оқилонаи молиявӣ, инчунин ноил шудан ба некӯаҳволии молиявии шахсӣ; маҷмӯи салоҳиятҳои шахс, ки заминаи қабули қарорҳои оқилонаи молиявиро ташкил медиҳанд. Гумон меравад, ки рушди саводнокии молиявӣ имкон медиҳад, ки некӯаҳволии молиявӣ дастгирӣ ва беҳтар карда шавад.
Санаи 12 декабри соли 2024 дар офиси филиали ФҚХ “МикроИнвест” дар шаҳри Хуҷанд семинар – тренинг дар мавзӯи “Саводнокии молиявӣ” барои дорнишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 1-250101-01 “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо” – и Муассисаи давлатии “Донишкадаи байнаймиллалии Хуҷанд”-и ДБССТ ташкил ва гузаронида шуд. Дар семинари мазкур 22 нафар донишҷӯёни донишгоҳи мазкур иштирок намуданд.
Дар семинари мазкур доир ба мавзӯи “Саводнокии молиявӣ” гузаронида шуда, мӯҳтавои мавзӯи мазкур пурра кушода дода шуда, муҳимияти амиқу дақиқ дарк кардани молия, идоракунии он, ташкил намудани “болишти бехатарӣ” , ташкил намудани буҷети худ ва стартегияи пасандозкунии маблағ фаҳмонида шуд.
Сипас ҳуқуқшиноси Фонд оид ба бехатарии молиявӣ ва ҳушёрӣ ва зиракии молиявӣ сухан ронда, оид ба ҳолатҳои ба миён омадани хатар дар соҳаи бонкдорӣ ва молия суханронӣ намуд.
Аз тарафи иштирокдорони семинар саволҳо доир ба мавзӯи семинар дода шуданд:
Ба ҳамаи саволҳо аз тарафи тренерон ҷавобҳои пурра ва мушаххас дода шуданд.