г.Душанбе, ул. И.Сомони 3/1
г.Худжанд ул. А. Фирдавси 128
Пн-Пт: 8:00 - 17:00
Сб-Вс: Выходные дни

Методика расчета ставки по кредиту

Усули ҳисобкунии меъёри фоизии қарз, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ муайян карда шудаанд:

Барои ҳисоб кардани фоизҳо ҳамчун асос зеромада ба назар гирифта мешавад: 360 рӯз дар як сол, агар қарз бо муҳлати пардохти то 1 сол эътиборан ва 365 рӯз барои қарзҳои муҳлати пардохташон зиёда аз 1 сол дода шудааст.

Баҳисобгирии рӯзҳои тақвимӣ дар як сол (360 ё 365), ҳангоми ҳисоб кардани фоизи қарзҳо ва/ё маблағҳои ҷалбшуда (пасандозҳо ва ғ.) баробар бурда мешавад.

Ҳангоми ҳисоб кардани фоизи қарзҳо формулаи зерин истифода мешавад: 

S = (k*r*t)/D*100

  • S - Маблағи ҳисобшудаи фоизҳои қарз;
  • k – бақияи қарз;
  • r - Меъёри фоизи солонаи қарз; 
  • t - Шумораи рӯзҳои истифодашудаи қарз;
  • D - Шумораи рӯзҳои тақвимӣ дар як сол (360 ё 365).

Фоизи солонаи самараноки қарз ин маблағи умумии ҳамаи пардохтҳое мебошад, ки Қарзгир тибқи шартномаи қарзӣ пардохт мекунад.

Меъёри фоизии самараноки солона аз рӯи қарз бо баробарии зерин ҳисоб карда мешавад:

  • Pt – пардохтҳо барои давраи t;
  • t – (1…N) – шумораи давраҳо (рӯз, моҳ ва сол);
  • S – маблағи қарзи пешниҳодшуда;
  • F – хароҷотҳо вобаста ба хизматрасонӣ ҳангоми гирифтани қарз;
  • IRR – меъёри фоизии самараноки солона