ш. Душанбе, кӯчаи И.Сомони 3/1
ш.Хуҷанд кӯч. А. Фирдавси 128
Душанбе-Ҷумъа: 8:00 - 17:00
Шанбе-Якшанбе – Истирохат

Вазифаи ташкилот

Вазифаи ФҚХ “МикроИнвест”: беҳтар намудани сатҳи зиндагонии аҳолӣ, афзоиши шуғлнокӣ, пешбурди соҳибкорӣ, ташкили шароитҳои беҳтар баҳри рушди соҳибкории хурду миёна тавассути пешниҳоди хизматрасонии молиявӣ ва ғайримолиявӣ ба соҳибкорон ва аҳолии Тоҷикистон.  

 

Мақсад ва вазифаҳои ФҚХ “МикроИнвест”:

Мақсади ФҚХ “МикроИнвест” ин мусоидат намудан ба ислоҳоти иқтисодӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ ва тиҷорати хурд, бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои хуби зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон.

Барои ба даст овардани ин мақсадҳо ФҚХ “МикроИнвест” вазифаҳои зеринро муайян менамояд:

 Саҳм доштан дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон:

  • Пешниҳоди хизматрасонии маблағгузории хурд баҳри рушди соҳибкорӣ, тиҷорати хурд ва миёна;
  • Баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ тавассути гузаронидани тренингҳо дар мавзуи Таҳсилоти молиявӣ;
  • Мусоидат намудан дар баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ бо воситаи амалӣ гардонии лоиҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ оиди рушди устувори ноҳияҳои қишлоқ;
  • Гузаронидани чорабиниҳои хайриявӣ барои шахсони бемор ва камбизоат.

Эътиқодҳои асосии мо:

Мо боварӣ дорем, ки:

  • Таҳсилот ҳуқуқи аввалиндараҷаи инсон ба шумор меравад;
  • Таълим, омӯзиши калонсолон ва омӯзиш дар тӯли зиндагонӣ – ин равандҳои муҳим дар решаканкунии камбизоатӣ, инчунин барои иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ҷамъият;
  • Бо воситаи таълими занон ва мардон, кӯдакон ва ҷавонон, шахсони воқеӣ ва ҷамъият ҳуқуқҳо ва имкониятҳоро барои беҳтар намудани зиндагонӣ ва тағйир додани шароитҳои зиндагии худ метавонанд ҳал намоянд.

Мо боварӣ дорем,

  • ки маблағгузории хурд мақсади иҷтимоӣ дорад – ин ба вуҷуд овардани неъматҳо барои ҷомеа;
  • ки маблағгузории хурд – ин воситаи устувор барои рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ҷомеа, инчунин барои рушди соҳибкорӣ ва тиҷорати хурд байни аҳолии камбизоат;
  • ки маблағгузории хурд ба аҳолии камбизоат имконияти гирифтани даромад медиҳад ва барои худ зиндагии шоистаро таъмин менамояд.