Таърихи ФҚХ “МикроИнвест” соли 2002, дар доираи Барномаи Амнияти озуқаворӣ ва устуворӣ, инчунин лоиҳаи Барномаи минтақавии маблағгузории хурд дар водии Фарғона ACDI/VOCA оғоз гардидааст.
ACDI/VOCA – ин ташкилоти ғайритиҷоратии хусусӣ, ки мақсади он ин ба танзим даровардани рушди иқтисодии фарогир, баланд бардоштани сифати зиндагӣ ва некӯаҳволии ҷамъият дар мамлакатҳои бо сатҳи пасти даромад ва инкишофёфтаистодаи демократия мебошад.
ACDI/VOCA дар водии Фарғона ду Ташкилоти Қарзии Хурд (ТҚХ) ташкил намуд: моҳи марти 2002 МРСХ дар шаҳри Хуҷанд, Тоҷикистон ва FV – MARD дар шаҳри Андиҷон, Ӯзбекистон. Мақсади барнома пешниҳоди хизматрасониҳои баландсифати қарзии хурд ба ин минтақаи таърихан муҳим ва сераҳолӣ буд.
Моҳи марти соли 2002 ACDI/VOCA раванди ба кор қабулнамоӣ ва таълими кормандонро ба итмом расонида, ниҳоят 31 март аввалин қарзҳо ба панҷ гурӯҳ одамон дар шаҳри Хуҷанд дода шуданд. Дар он муддат, дар лоиҳа ҳамагӣ 12 нафар кормандон кор мекарданд. Методологияе, ки ACDI/VOCA дар инкишофи ташкилоти махаллй истифода бурдааст, ба ду барномаи муваффақи дар Осиёи марказӣ амалишудаистодаи ACDI/VOCA асос ёфта буд:
Моҳи январи соли 2003 Маркази Рушди Соҳибкорони Хурд (МРСХ) расман ҳамчун иттиҳодияи ҷамъиятии сатҳи вилоятӣ дар Вазорати адлияи вилояти Суғд ташкил шуда буд.
Маркази Дастгирии Рушди Соҳибкорони Хурд (МРСХ) дар ноҳияҳои гуногуни вилояти Суғд зер - офис кушод. Аввалин шуда моҳи январи соли 2003 зер – офис дар ПГТ Нови ноҳияи Спитамен ва дар ПГТ Пролетарски ноҳияи Ҷ.Расулов кушода шуда буданд. Моҳи августи соли 2003 зер – офис дар шаҳри Истаравшан, моҳи феврали соли 2004 дар шаҳри Бӯстон, ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Исфара кушода шуда буданд.
Пас аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардидани Қонун “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” соли 2005 Маркази Дастгирии Рушди Соҳибкорони Хурд (МРСХ) аз нав ба қайд гирифта шуда, номашро ба Фонди Қарзии Хурди “МикроИнвест” иваз намуд. ACDI/VOCA муассиси истисноии МикроИнвест ба ҳисоб меравад.
Айни ҳол, Фонд барои додани қарзҳои хурд дар соҳаи савдо, хизматрасонӣ, истеҳсолот, коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва чорвопарварӣ махсус гардонида шудааст.
Соли 2007 ФҚХ “МикроИнвест” рейтинг аз тарафи ташкилоти “Микрофинанза Рейтинг”, Итолиё гузашт ва рейтинги “ВВВ” гирифт. Инчунин ФҚХ “МикроИнвест” шаҳодатномаҳо барои дастгирии варзиш ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятӣ дар сатҳи шаҳр ва вилоятӣ гирифт.
Дар солҳои мавҷудияти худ ФҚХ “МикроИнвест” фаъолона чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва хайриявиро сарпарастӣ намуд, ки бо ин васила масъулияти оммавиро назди ҷамъият нишон додааст.
ФҚХ “МикроИнвест” оғоз аз соли 2005 маблағгузории варзишгар Акмал Қодиров аз шаҳри Истаравшан, иштирокчӣ ва ғолиби бисёр мусобиҷаҳои байналхалқӣ байни шахсони бо имконияташон маҳдудро оғоз намуд. Акмал Қодиров – ҳоло чемпиони ҷаҳон оид ба армреслинг буда, Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ сазовор муаррифӣ гардонида, унвони “Чемпиони ҷаҳон” байни одамони имконияташон маҳдудро дар соли 2015 дар Полша ба даст овард.
ФҚХ “МикроИнвест” инчунин дар тӯли солҳои зиёд чорабиниҳои хайриявиро дар ҷамъоварии бозичаҳо, либос ва маҳсулоти хӯрокворӣ барои хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд мегузаронад. Ҳамин тариқ кӯдакони ятимро ғамхорӣ намуда, ба онҳо хурсандӣ ва гармӣ мебахшад, ки ба онҳо хеле намерасад.