ш. Душанбе, кӯчаи И.Сомони 3/1
ш.Хуҷанд кӯч. А. Фирдавси 128
Душанбе-Ҷумъа: 8:00 - 17:00
Шанбе-Якшанбе – Истирохат

Паёми директори ФҚХ "Микроинвест"

Мо барои тиҷорати фарогир ҳастем! 

Имрӯзҳо аксар ташкилотҳо бештар роҳи фаъолтар шудан, навовар шудан ва мутобиқ шудан ба тағйиротҳои маҳаллӣ ва ҷаҳониро мекобанд. Бо назардошти рушди соҳибкорӣ, мо набояд фаромӯш созем, ки потенсиали калон дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷое ниҳон аст, ки одатан онро дар он ҷо намекобанд – байни табақаҳои осебпазири аҳолӣ бо даромади паст, ки ба паст гардидани камбизоатӣ меорад. Ин консепсия “тиҷорати фарогир” номида мешавад, ки айни ҳол ба он таваҷҷӯҳи мутахассисон ва ташкилотҳои байналмиллалӣ зиёд гардида истодааст.

Масалан, дар гузориши СММ “Таъмини пешрафти устувори одамият: камгардонии осебпазирӣ ва ташкили устуворӣ” барои соли 2014 гуфта мешавад, ки 2,2 млрд одамон дар камбизоатӣ ё дар наздикии хатти камбизоатӣ зиндагонӣ мекунанд. Аз рӯи таҳлили Бонки Ҷаҳонӣ барои соли 2015 - 12 фоизи одамони рӯи замин дар камбизоатӣ зиндагонӣ мекунанд; тақрибан миллиард нафар дар доираи камтар аз 1,25 доллари ИМА дар як рӯз умр ба сар мебарад. Беш аз миллиард одамон дар ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд, 1,6 миллиард (ба соли 2015 – 1,4) – ба қувваи барқ ва 5,4 – ба Интернет; 2,5 миллиард одамон дар бонкҳо ҳисобҳои шахсӣ надоранд.

Ба ҳар ҳол, потенсиал дар аҳолии камбизоат дар соҳаи истеъмол, истеҳсол, инноватсия ва фаъолияти соҳибкорӣ қариб, ки истифода карда намешавад 

Бояд қайд кард, ки тиҷорати фарогир ин хайрот нест, ҳатто агар мақсад кам кардани камбизоатӣ бошад. Лекин, чуноне ки аз номаш бармеояд, тиҷорати фарогир ташкили имкониятҳо барои ба даст овардани муваффақият дар назар дорад, ки барои ҳамаи аъзои ҷамъият дастрас мебошад.

Ҳамин тавр, тиҷорати фарогир ба ҳамаи тарафҳои  манфиатдор имконият медиҳад, ки манфиати тарафайнро ба даст орад. Чунин ҳамоҳангӣ байни бахшҳои давлатӣ, хусусӣ ва аҳолӣ ба як қатор натиҷаҳо меорад, ба монанди ҳалли устувори мушкилот, инноватсия, бартарии рақобат, обрӯи беҳтарин, ҳиссаи устувори бозор ва ғайраҳо.

Мо дар ФҚХ “МикроИнвест” барои фарогирии тиҷорат буда, аллакай қадамҳои аввалинро дар сохти модели тиҷорати фарогир бо ҷалби аҳолии камбизоат бо даромади паст, ниҳодаем!

 

Бо эҳтиром,

Маликов Ҷоми Нарзуллоевич

Директори ФҚХ «Микроинвест»