Мизоҷи мӯҳтарам, пеш аз гирифтани қарз шартҳои асосии онро бо диққат омӯзед:
Ҳангоми гирифтани қарз ва пеш аз мӯҳлат қисман ва ё пурра пародхт намудани он аз шумо пардохтҳои маъмури ва ё ҷарима ситонида намешавад.
Лекин дар сурати саривақт пардохт накардани қарз аз шумо барои ҳар як рӯзи таъхир аз пардохти батаъхирафтода ҷарима ба андозаи 0,25% (сифру аз сад бисту панҷ фоиз) барои ҳар як руз ситона мешавад.
Фонд аз Шумо барои адо намудани ҳамаи уҳдадориҳо тибқи шартҳои шартномаи қарзӣ фуруши гаравро талаб намояд.
Бодиққат пеш аз имзо намудани шартномаи қарзӣ, ки ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад, бо шартҳои он шинос шавед. Аз экспертони қарзӣ ҷои нофаҳмои шартномаро пурсед.
Таърихи қарзӣ - ин маълумот дар бораи қарзгиранда мебошад, ки дар он шумораи дархостҳои қарзии пешниҳодшуда ва шумораи қарзҳои тасдиқшуда, аз ҷумла ба кадом бонкҳо муроҷиат кардани ӯ, қобилияти пардохтпазирӣ, ба сифати кафил ё шарик баромад кардан ва дигар маълумот доир ба қарзгир, ки барои бонкҳо муҳиманд, дарҷ гардидааст.