Мизоҷи муҳтарам, Шумо ҳуқуқ доред, ки:
- Ҳангоми ба итмом расидани давраи муайяни ҳамкорӣ бо фонд, аз як сатҳ ба сатҳи дигари шартҳои афзалиятнок ва қулай дошта гузаред.
- Махфӣ нигоҳ доштани маълумот оид ба фаъолияти худро талаб намоед чунончӣ, маблағи дар суратҳисоби амонатӣ дошта, рӯзҳои пардохти қарз ва мушкилоти бо пардохти қарз вобастабуда. Маълумот оид ба фаъолияти Шумо танҳо бо розигии Шумо, бо мақсади реклама ё ин ки мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ивази рӯйхати мизоҷон бо ташкилотҳои дигари молиявӣ ва бонкҳо, ошкор карда мешаванд.
- Аз экспертони қарзӣ оид ба шартҳои қарзгирӣ маълумоти пурра гиред, ба мисоли ҳисобкунии фоизи қарз, шартҳои қарздиҳӣ ва қоидаи ҷаримаситонӣ дар ҳолати таъхир.
- Барои аз нав дида баромадани шартҳои қарз (таҷдид/тамдиди) муроҷиат намоед. Танҳо дар ҳолати бо сабабҳои узрнок ба душворӣ дучор шудани фаъолияти Шумо.
- Дар ҳолати пеш аз мӯҳлат бозпардохт намудани қарз, маблағи қарзро якҷоя бо фоизҳои барои давраи қарз ҳисобкардашуда пардохт намоед. Боқимондаи фоизҳо дар давраи истифоданашудаи қарз ё дигар намуди пардохт ҳисоб карда намешавад.
- Нисбати худ муомилаи одилона ва боэҳтиромро аз тарафи кормандони фонд талаб намоед, алалхусус, дар ҳолати рӯёнидани маблағи қарзии батаъхирафтода.
Оид ба талабу дархост, арзу шикоят аз воситаҳои равобити мутақобилаи зерин истифода баред:
- - Қуттӣ барои дархостҳо;
- - Китоб барои паёму дархостҳо;
- - Соатҳои қабули мизоҷон;
- - Тариқи сомонаи microinvest.tj;
- - Тариқи телефони боварӣ (92) 725-90-88